Субҳи имрӯз риштаи умри шоири ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68-солагӣ канда шуд. Дар хонаи марҳум маросими видоъ баргузор гардид.

Дар маросими видоъ муовини аввали раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фаррух Орифӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ марги шоирро талафоти адабиёти тоҷик ва аҳли ҷамоатчигии кишвар унвон намуданд.

Фарзанди марҳум Илҳом Сангин миннатдории аҳли оиларо ба дӯстону меҳмонон баён карда, реҳлати модарро барои худ талафоти бузург арзёбӣ намуд.

Бо хондани ду ракаат намози ҷаноза Норинисо Алимуҳаммедоваро ба роҳи охират гусел карданд.

Норинисои Алимуҳаммад 25-уми марти соли 1950 дар деҳаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб, донандаи хуби китобҳои динӣ, ҳофизи Қуръон ва дилбохтаи ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз — Алимуҳаммад-домулло чашм ба олами ҳастӣ во намуд.

Соли 1967 аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” рӯи чопро диданд. Шоир Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст.

Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи “Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 “Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. “Гаҳвораи меҳр”, “Садоқат”, “Сию се ғазал”, “Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, “Ошёни меҳр”, “Лаҳзаи дидор”, “Дарёи муҳаббат” ва “Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоир ашъори мунтахаби ӯ зери унвони “Дар зери чархи гардун…” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид.

Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллат будан соли 1998 бо Ордени “Шараф” мукофотонида шудааст.

Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here