Дирӯз сардабири собиқи маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”, сoбиқадори матбуоти тоҷик Садриддин Ёров дар синни 69-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Садриддин Ёров зодаи ноҳияи Панҷакент ва фориғуттаҳсили риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои 70-ум дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) фаъолият кардааст. Аз соли 1978 то соли 1988 дар Афғонистон тарҷумон буд ва баъди баргаштан дар маҷаллаи “Машъал” кор мекард.

Садриддин Ёров замоне ба маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” ба кор омад, ки давлати Шӯравӣ фурӯ рафт ва ин дастгоҳи бузурги тарғиботии сиёсати давр шуҳрати худро аз даст дод. Садриддин Ёров бо ҳамкоронаш дар паҳлӯйи сардабири “Хорпуштак” Басир Расо ин маҷалларо аз хатари нестӣ нигоҳ доштанд. Баъди марги Басир Расо Ёров сардабири “Хорпуштак” таъйин шуд ва то соли 2015 ин вазифаро иҷро кард.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба кулли журналистону қаламбадастони тоҷик ин талафотро таслият мегӯяд ва ба хонаводаи марҳум Садриддин Ёров сабр мехоҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here