Субҳи имрӯз сармуҳаррири ҳафтаномаи тарғиботии “Рекламная газета” Елена Бекаева аз олам даргузашт. Дар ин бора вебгоҳи tajikistantimes, ки марбут ба медиахолдинги «Оила» аст ва «Рекламная газета» низ аз ҳафтаномаҳои он ба шумор меравад, хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Бекаева дар муддати ду моҳи охир аз бемории саратон ранҷ мекашидааст. Маросими видоъ бо Елена Бекаева дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Елена Бекаева 6 майи соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада ва дар соли 1987 Донишкадаи омӯзгории Душанберо бо ихтисоси «муаллими забон ва адабиёти рус» хатм кардааст.
Елена Бекаева аз 1 феврали соли 2002 дар “Рекламная газета”, ки марбут ба медиахолдинги «Оила» аст, сардабир буд. Дӯстону ҳамкорон аз Елена Бекаева ҳамчун журналисти собиқадор ва соҳибқалам унвон мекунанд.
Ӯ дар солҳои гуногун муҳаррир ва сардабири нашрияҳои “АИФ в Таджикистане”, “Рекаламная газета”, маҷаллаи глянси “IDAS» ва бахши русии сомонаи Pressa.tj-ро бар ӯҳда дошт.
Елена Бекаева дар хонаводаи насронӣ ба воя расида ва чанд соле қабл дини Исломро пазируфта буд. Ба ин далел ҷанозаи марҳум соати 13.00, дар масҷиди Хол Машраб (1-ум Советский, наздики Донишкадаи санъат) баргузор мешавад.