Донишманди илми таърих, профессор Шарофиддин Имом, ки зиёдтар аз 12 сол сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд, имрӯз дар синни 64-солагӣ аз дунё даргузашт.
Шарофиддин Имом яке аз дарозумртарин сафирони Тоҷикистон буд, ки аз моҳи октябри соли 2008 то моҳи сентябри соли 2020-ум, 12 сол мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистонро дар ихтиёр дошт.
Рисолаи номзади илм шуданашро дар мавзуи “Афкори ҷамъиятӣ дар Афғонистон дар даҳсолаи аввали пас аз барқароркунии истиқлол (1919-1929)” соли 1984 ҳимоя кардааст. Чанде дар донишгоҳ ҳам дарс гуфтааст. Ӯ китоби “Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон”-ро навиштааст, ки соли 2003 нашр шудааст.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва кормандони ҳафтаномаи “Фараж” аз марги Шарофиддин Имом андуҳгин буда, ин талафотро ба наздикону пайвандонаш таслият мегӯянд. Равонаш шод ва хонаи охираташ обод бод!