Субҳи имрӯз, 19-уми декабр, қалби яке аз рӯзноманигорони варзидаи тоҷик, филологи беназир Холмаҳмад Мавлонов дар синни 67-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Тавре фарзанди марҳум — Сомон Мавлонов дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, устод сиҳату саломат буданд, вале як рӯз қабл аз сӯзиши андаки қафаси сина шикоят кардаанд.

Ҷанозаи марҳум Холмаҳмад Мавлонов имрӯз ба ноҳияи Панҷ, ки солҳои зиёд он ҷо зиндагӣ ва ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» кору фаъолият кардааст, интиқол ва дафн карда шудааст.

Марҳум Холмаҳмад Мавлонов солҳои охир дар ТВ «Варзиш» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» фаъолият эҷодӣ мекард.

Аҳли эҷоди МТЖТ аз даргузашти шодравон Холмаҳмад Мавлонов андуҳгин буда, ба наздикони марҳум таслият мегӯянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here