Президенти пешини Фаронса Жак Ширак дар синни 87-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад Le Figaro бо истинод ба изҳороти домоди ӯ Фредерик Сала-Бару. «Жак Ширак субҳи имрӯз дар байни аъзои оилаи худ вафот кард. Оромона», — гуфтааст Сала-Бару. Сабаби марг муайян нашудааст.

Маҷлиси миллӣ ва Сенат хотираи президенти собиқро бо як лаҳза хомӯшӣ пос доштанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба марги Ширак ба унвони президенти Фаронса Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи таслият фиристодааст.

Тибқи иттилои Francetvinfo, саломатии собиқ сарвари давлати Фаронса пас аз рафтани ӯ аз Қасри Елисей дар соли 2007 бад шуда буд. Дар соли 2005, дар даври дуюми президентӣ, Ширак сактаи мағзӣ шуд. Моҳи январи соли 2014, зани Ширак Бернадетт эълом дошт, ки шавҳараш ба хотири мушкилоти хотира дигар дар ҷаласаҳо сухан гуфтан наметавонад. Моҳи сентябри соли 2016, Ширак фавран аз Марокаш, ки дар он ҷо бо ҳамсараш истироҳат мекард, ба Париж баргашт. Ӯро ба сабаби маризии шуш ба бемористон интиқол додаанд. Вай, тақрибан як моҳ пеш аз бозгашт ба хонаи худ дар Париж, дар бемористон буд.

Жак Рене Ширак 29 ноябри соли 1932 дар Париж таваллуд шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here