Баъд аз зуҳри имрӯз васоити ахбори омма аз даргузашти Нуриддин Раҳмон – бародари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки Нуриддин Раҳмон 67 сол дошта, имрӯз, 7-уми октябр, бар асари хуруҷи бемории қанд вафот кардааст. Бино ба иттилои ВАО ҷанозаи ӯ бо воситаи чархбол ба зодгоҳаш ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бурда мешудааст ва қарор аст, ки фардо ба хок супорида шавад. Нуриддин Раҳмон дар Душанбе пас аз бемории тулонӣ аз дунё гузаштааст.

Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон таслият нашр кард, ки дар он гуфта мешавад: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан бозмонд. Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон»-ро ба уҳда доштанд. Шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here