29-уми октябр дили марди бузург, олими намоён, адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода дар синни 80-солагӣ аз задан бозмонд.

Худоӣ Шарифзода (Шарифов) – олим, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, 25 июни соли 1937 дар қишлоқи Ҷорфи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1961 шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро хатм кард ва дар кафедраи адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин барои кор тавсия гардид. То соли 1966 ассистенти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик буд. Солҳои 1966-1969 дар аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик таҳсил мекард. Соли 1970 дар мавзуи «Ташаккули афкори адабии форс-тоҷик дар асрҳои Х-ХI» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. То соли 1989 муаллими калон ва дотсенти ҳамин кафедра буд. Солҳои 1975-1975 ҷонишини декан ва муддате раиси Иттифоқи касаба буд. Соли 1987 дар мавзуи «Назарияи наср дар осори форсии марҳилаи классикӣ» (асрҳои Х-XV) рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1989-1993 мудири кафедраи фолклор ва методикаи таълим, солҳои 1993-1997 декани факултети филологияи тоҷик, солҳои 1993-2009 мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик буд, дар ҳоли ҳозир мушовир ва профессори кафедраи мазкури Донишгоҳи миллии Тоҷикистонмебошад.

Худоӣ Шарифзода ва пайравони мактаби илмии ӯ муҳимтарин масоили назария ва таърихи адабиёти тоҷикро ба таҳқиқ гирифтаанд. Дар ин мактаб масъалаҳои назарӣ ва амалии адабиётшиносӣ , аз қабили назария ва поэтикаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ, назария ва таърихи таҳаввули насри форсӣ-тоҷикӣ, зиндагинома ва мероси адабии симоҳои барҷастаи адабиёти асримиёнагӣ, назарияи жанрҳо ва навъҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ, ҷараёнҳои мазҳабиву фикрӣ ва таъсири он ба адабиёт, навоварӣ ва суннат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст. То имрӯз масъалаҳои таърихи адабиёт, афкори адабиву назарӣ, назарияи насри форсӣ-тоҷикӣ, арӯзи назарӣ ва амалии шеъри форсӣ-тоҷикӣ, таҳаввули адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри XIX, рӯзгор ва осори Масъуди Саъди Салмон, Фахриддини Ироқӣ, Камоли Хуҷандӣ, Табиби Исфаҳонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, устура, афсона, ҳикоя, рамз ва тамсилҳои ирфонӣ, робитаҳои адабии арабу аҷам, адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои миёна, таърих ва назарияи номанигорӣ, поэтикаи ғазалиёти шоирони ҷудогона, таҳаввули авзон ва таносуби вазн бо муҳтаво, маърифати а абӣ, тасвирҳои бадеӣ, исмоилия ва таъсири Он бар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, насри ривоятӣ ва адабӣ, достонсароӣ ва суннати эҷоди силсиладостонҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва ғайра аз ҷониби намояндагони мактаби адабпажӯҳии устод Худоӣ Шарифзода таҳқиқ шуда , дар ин замина мақолаҳо, осори монографӣ ва китобҳои зиёд таълиф ва мунташир шудааст. Худоӣ Шарифзода яке аз донишмандони соҳибсабк ва соҳибмактаби адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик аст, ки ҳам ба василаи парвариши шогирдони илми суханшиносӣ ва ҳам ба василаи таълифоти худ дар илми муосири тоҷик мақому манзалати хоси худро пайдо кардааст. Таълифоти арзишманди ӯ, аз қабили «Балоғат ва суханварӣ», «Каломи бадеъ», «Савти Аҷам», «Рози ҷаҳон», «Шеър ва шоир», «Озурдагон ва умедворон», «Назарияи наср», «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо баҳои баланд гирифта, теъдоде аз китобҳои эшон дар хориҷ аз кишвар ба чоп расида ва натиҷаи заҳматҳои устод бо ҷоизаҳои муътабари илмиву фарҳангӣ қадрдонӣ шудааст.

Ёдат ба хайр, устоди гиромӣ!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here