Шоми дирӯз дили овозхони маъруф Қурбоналӣ Абдуллоев баъд аз ду моҳи беморӣ дар синни 58-солагӣ аз задан бозмонд. Ҷанозаи ӯро имрӯз дар канори шаҳри Ваҳдат ба хок месупоранд.

Гуфта мешавад, Қурбоналӣ Абдуллоев, ки баҳори соли гузашта тарки саҳна кардаву аз овозхонӣ даст кашида буд, вақтҳои охир бо дард панҷа нарм мекард. Мутаассифона, дили ҳасосои ҳунарманд натавонист, ки бо ин дард мубориза барад ва ӯ баъд аз ду моҳи ранҷ аз дунё гузашт.

Қурбоналӣ Абдуллоев 23-юми апрели соли 1963 дар деҳаи Кӯпрукбошии шаҳри Ваҳдат (собиқ ноҳияи Орҷонкидзеобод) дар дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз синфи чорум дар маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаб ширкат мекард. Соли 1977 озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои наврас баргузор гардид ва дар он дар қатори баъзе аз хонандагони дигар баранда шуд. Баъдан ӯро ба барномаи «Садо деҳ, шайпурнавоз»-и телевизиони Тоҷикистон даъват карданд ва ӯ дар он барнома ду таронаеро бар ашъори устод Мирзо Турсунзода ва устод Боқӣ Раҳимзода суруд. Устодони ин ҳунар ба падару модараш тавсия доданд, ки таҳсилашро дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова идома диҳад. Дар ин мактаб ман то соли 1983 таҳсил карда, сипас баъди хатми он ба Донишкадаи олии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд.

Баъди як соли таҳсил ба сафи Артиши шӯравӣ даъват шуд. Ду сол дар вилояти Мурмански Федератсияи Русия хизмат карда, дар он ҷо ҳам аз ҳунари овозхонӣ дур набуд. Дар оркестри нафасии қисми низомӣ сози баритонро менавохт ва ҳамзамон роҳбари бадеии ансамбли эстрадии қисми низомӣ буд. Дар радиои вилоятии Мурманск нӯҳ таронаи тоҷикӣ сабт кардааст.

Баъди адои хидмат дар артиш боз таҳсилро дар Донишкадаи санъат дар факултети мусиқии тоҷик дар шӯъбаи мутрибӣ давом дода, дутори басро менавохт, вале бисёртар бо овозхонӣ машғул буд. Дар факултет инчунин ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ вуҷуд дошт, ки роҳбараш Муҳаммадқул Ҷумъаев буданд. Дар ин ансамбл ҳам солисти овозхон буд.

Пас аз хатми донишкада дар ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда аз соли 2015 то дами охир бознишаста буд. Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.

Моҳи рамазони соли 2020, Қурбоналӣ Абдуллоев дар саҳифаи фейсбукииаш аз хотимаи фаъолияти ҳунарияш ва тарки саҳна хабар дода буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти ҳунарманди маъруф Қурбоналӣ Абдуллоев андӯҳгин буда, ин талафотро ба пайвандону мухлисонаш таслият мегӯяд. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here