Шаби гузашта нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр дар синни 66-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ба иттилои пайвандонаш ҷанозаи ӯ ба зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент интиқол дода мешавад.

Нависандаи маъруф Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакент ба дунё рмадааст. Фориғуттаҳсили шӯъбаи арабии забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон (1977) аст. Дар идораи киносозии тоҷик, нашрияҳои «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият дошт. Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дорандаи Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ аст.

Асарҳои “Ишқи сайед” (ҳикояҳо), “Аспи обӣ” (ҳикояҳо), “Время цветения ромашки” (рассказы. — Москва, 1988.), “Дуди хисрат” (қиссаю ҳикоёт), “Зарринаи Зарнигор” (қиссаю ҳикоёт), “Песен идущего в петлю” (рассказы), “Сармаддеҳ” (роман), “Шоҳаншоҳ” (роман) ба қалами Баҳманёр навишта шудаанд.

Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми нависандаи маъруф андуҳгин буда, ин талафотро ба кулли дӯстдорони адабиёт ва пайвандони Баҳманёр таслият мегӯяд. Равони адиби марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here