Пас аз бемории тӯлонӣ нависандаи ҳаҷвнигор ва базлагӯи маъруфи рус Михаил Задорнов дар синни 69-солагӣ аз дунё гузашт.

Задорнов аз бемории саратон ранҷ мекашид ва муддате тӯмори саратони мағзашро табобат мекард. Гуфта мешавад, ки моҳи июн ӯ аз табобате, ки дигар манфиат надоштааст, даст кашида хостааст, ки бештари вақти худро дар канори азизону пайвандонаш гузаронад. Чанд муддат пеш аз вафоташ ӯ мазҳаби насрониро қабул кардааст.

Задорнов соли 1948 дар Латвия ба дунё омадааст. Ӯ муҷрии барномаҳои ҳаҷвии «Аншлаг», «Смехопанорама» ва «Сатирический прогноз» буд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here