Дар пайи як садама нақлиётӣ дар Душанбе овозхони маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ дар синни 44-солагӣ аз олам даргузашт

Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки 7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд-крузер-200», рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01 Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи «Камаз» бархӯрдаааст. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон ва мухлисони ин ҳунарманд ин талафотро таслият мегӯяд. Маконаш Биҳишт бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here