Чанд соат баъд аз ҳушдори фармондеҳи артиши Зимбабве дар мавриди таҳаввулоти сиёсии ин кишвар, мошинҳои зиреҳпӯши пиёданизом роҳии пойтахт шудаанд.

Тасвирҳои дар фазои маҷозӣ нашршуда нишон медиҳанд, ки бархе аз ин зиреҳпӯшҳо роҳҳои ворид шудан ба пойтахтро маҳдуд карда ва монеи берун рафтан низ шудаанд. Ҳанӯз далели ин иқдоми артиш мушаххас нест, аммо бархе манбаъҳо ин иқдомро муқаддимаи кудето, ё намоиши қудрати артиш бо ҳадафи фишор бар давлат тавсиф кардаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ ҳамчунин навиштаанд, ки мошинҳои низомӣ сохтмони телевизиони давлатии ин кишварро муҳосира кардаанд.

«Ҷабҳаи ватанпарасти иттиҳодияи миллии африқоии Зимбабве», ки ҳизби ҳоким дар ин кишвар аст, дар вокуниш ба шоеаи кудето дар Твиттер навишт: «Аз ибрози нигаронии шумо муташаккирем. Ҳеч хел кудетое нест. Ба кору зиндагии худатон бирасед!».

Эмерсон Мнангагву муовини президенти Зимбабве ҳафтаи гузашта пас аз ихтилофи назар бо Грейс — ҳамсари президент Роберт Мугабе мавриди танбеҳ қарор гирифт ва барканор шуд. Грейс аслитарин гузинаи ҷонишини Мугабеи 93-сола аст, аммо низомиён, ки равобити наздике бо муовини барканоршуда доранд, аз Мнангагвуи 75-сола ҳимоят мекунанд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here