Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чанд изҳорот пахш кард, ки идеология ё ғояи Ӯзбекистони навро фаро гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури ин кишвар хабар медиҳад.
Ин манбаъ бо истинод ба суханронии Шавкат Мирзиёев, ки дар ҷамъомади ахир баён кардааст, қайд намудааст, ки баъзеҳо то ҳол моҳияти ғояи миллиро пурра дарк накардаанд ва ба он рӯякӣ муносибат мекунанд.
— Агар иқтисодиёт узве бошад, ки ҳаёти ҷомеаро таъмин мекунад, маънавият қалб ва ҷони он аст. Мо, ки тасмим гирифтаем, Ӯзбекистони нав барпо мекунем. Барои ин ба ду рукни мустаҳкам такя мекунем: иқтисоди қавӣ бар асоси принсипҳои бозор ва, сонӣ рӯҳияти қавӣ бар асоси мероси бойи маънавии ниёкон ва арзишҳои миллӣ, — гуфтааст Шавкат Мирзиёев.
Гуфта мешавад, ки маъно ва мундариҷаи ғояи Ӯзбекистони нав меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва гуманизм мебошад. Дар чунин ҷомеа, пеш аз ҳама, тарбияи ақл, арзишҳои миллӣ ва умумбашарӣ дар мадди назар дошта мешаванд, ки ба ғояҳо ва арзишҳои ҳазорсолаи ҳаётӣ асос ёфтаанд.
Ба таъкиди сарвари давлати Ӯзбекистон таҳдиди бузургтарин бетафовутӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ аст, ки дар коҳиши мушкилоти иҷтимоии имрӯза ба мушоҳида мерасанд. Ҳамчунин иштирок накардани насли калонсолон дар соҳаи таълим ва набудани назорати кофии ҷамъиятӣ низ ин таҳдидро дучанд месозад.
Аз суханронии Шавкат Мирзиёев дар ин ҷамъомад маълум мешавад, ки ахиран 90 миллиард сӯм барои ривоҷи соҳаи маънавӣ ва маърифатӣ дар соири минтақаҳо, 20 миллиард сӯм барои дастгирӣ аз фаъолияти Иттифоқи нависандагон, 10 миллиард сӯм барои ташкили самараноки корҳои рӯҳонӣ ва маърифатӣ ихтисос дода шудааст.
Бар ин асос президенти Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки дар заминаи муассисаи Тарғиботчии маънавият таъсис ёфтани Пажуҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоӣ ва маънавӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Гузашта аз ин, интизор меравад, ки як гурӯҳи масъулон консепсияи рушди илми таърих дар Ӯзбекистонро то соли 2030 таҳия мекунанд.
Вай бо таассуф қайд кардааст, ки дар кишвараш теъдоди ками таҳлилгарон ва коршиносон ҳастанд, ки битавонанд тамоми равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсии атрофро таҳқиқ кунанд ва онро бо замбони сода фаҳмонанд.
— Дар робита ба ин, зарур аст, ки дар соҳаи ҳимояти ҷомеа аз таҳдидҳои маънавӣ ба корҳои илмӣ ва амалии тадқиқотӣ таҷдиди назар сурат гирад, — иброз доштааст Шавкат Мирзиёев.
Президенти Ӯзбекистон дар пайи ин боз талаб кардааст, ки дар кишвараш ба мақоми забони ӯзбекӣ бояд таҳким бахшид ва ин самти аз ҳама муҳими кор мебошад. Ба гуфтаи ӯ, зарурат пеш омадааст, ки технологияҳои муосирро барои омӯзиши он дар дохили кишвараш ва хориҷ аз он ҷорӣ кунанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Ӯзбекистон мегӯяд, Шавкат Мирзиёев ба масъалаи шаффофияти имтиҳонҳои дохилшавӣ аҳамияти хос медиҳад. Вай тақозо кард, ки Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус дар якҷоягӣ бо Вазорати молия ва Маркази давлатии тестӣ то 1 июни соли равон феҳрасти ягонаи электронӣ ташкил кунад. Дар он барои шахсоне, ки ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ холҳо ба даст меоваранд, маълумоти равшану возеҳ пешниҳод карда шавад.
Интизор меравад, ки дар Ӯзбекистон шумораи грантҳои давлатӣ барои таҳсилоти олӣ то 25 фоиз ва шумораи грантҳои давлатӣ барои духтарони оилаҳои камбизоат ду баробар зиёд карда мешаванд. Ин кор баъзе мактабҳои олии хусусиро низ дар мадди назар хоҳад дошт. Дар ин маврид низ Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ таъкид кардааст.
Гуфта мешавад, аз соли таҳсили 2021/2022 барои 200 нафар ҷавоне, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо холҳои баландтаринро ба даст меоваранд, гранти президенти Ӯзбекистон ҷудо карда хоҳад шуд.
Ҳоло дар саросари ин кишвар тарғиби ғояи Ӯзбекистони нав вусъат ёфтааст. Ногуфта намонад, ки нашрияи нави Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Янги Ӯзбекистон”(Ӯзбекистони нав) унвон гирифтааст ва соли дуюм аст, ки бо теъдоди хеле зиёд мунташир меёбад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд