Ӯзбекистон ба озмоиши воксини чинӣ бар зидди COVID-19 шуруъ кард. Асноди марҳилаҳои якум ва дуюми озмоишҳои клиникии воксин аллакай аз ҷониби ниҳодҳои дохилӣ омӯхта мешаванд, менависад Nuz.uz.

Тасмим дар бораи ташкили озмоишҳои клиникии воксини навтаркибӣ бар зидди коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҷараёни музокирот байни Вазорати рушди инноватсионӣ ва намояндагони Донишкадаи микробиологии Академияи илмҳои Чин бо ширкати Anhui Zhifei Longcom Biopharmacyeutical гирифта шудааст.

Асноди марҳилаи якум ва дуюми озмоишҳои клиникии ин воксин аз ҷониби кумитаи фармокологии Маркази давлатӣ ва лабораторияи воксин омӯхта мешаванд.

Сифати воксин аз ҷониби озмоишгоҳҳои стандартизатсия ва ташхисгоҳи фармакотоксиологӣ маълум карда мешавад. Ҳамаи корҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ назорат карда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки агар озмоишҳо мусбат бошанд, марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии воксин дар Ӯзбекистон хоҳад гузашт.

Гулрӯ Суҳробзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here