Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон эълон кард, ки 22-юми декабри соли 2019 интихоботи депутатҳои Палатаи қонунбарори парлумон ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад.
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзоулуғбек Абдусаломов гуфт, ки интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ бар пояи Кодекси нави интихобот, ҳамчунин дар фазои демократӣ, ошкору шаффоф баргузор хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ панҷ ҳизби сиёсии ин кишвар – Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”, Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби либерал-демократ, Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва Ҳизби навтаъсиси экологӣ ширкат мекунанд.
Дар айни ҳол аз тақрибан 33 миллион аҳолии Ӯзбекистон ҳудудан 20 миллион нафар ҳақи ширкат дар овоздиҳиро соҳиб мебошанд. Интихоботи дар пешистодаи парлумонӣ зери шиори “Ӯзбекистони ҷадид — интихоботи ҷадид” ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
Аз даҳаи сеюми моҳи сентябри соли равон маъракаи интихоботӣ оғоз шуд. Аз 150 ҳавзаи интихоботӣ барои ишғоли курсиҳои парлумон 750 нафар даъвогарони панҷ ҳизби сиёсии Ӯзбекистон талош хоҳанд кард.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, Тошканд