Чанд рӯзи охир дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, овозаҳо паҳн шудааст, ки дар натиҷаи гирдбоди тунд, ки охирҳои моҳи декабр ба амал омадааст, лаълии паррони номаълум (НЛО) мушоҳида шудааст. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии “Sugdnews” иттилоъ медиҳад.

Боди сахт ба як қатор иншоот, аз ҷумла, боми хонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ осеб расонида, симчӯбҳоро афтондааст.  

Тибқи иттилоъи манбаъ, яке аз кормандони маъмурияти минтақавӣ мавҷудияти овозаҳо дар бораи лаълии парронро тасдиқ кардааст

Бино ба гуфтаи корманди маъмурияти минтақавӣ, сокинони микрорайони 19-уми шаҳр, пеш аз гирдбоди сахт, пас аз соати ҳашти бегоҳ, дар осмон рӯшноии номаълумеро, ки хусусияти парвозро дорад, мушоҳида кардаанд

— Соати 9:30-и шаб, вақте ки гирдбод шурӯъ шуд, ман тасмим гирифтам бинам, то кадом андоза дари тирезаҳои хона бастаанд. Дар рӯ ба рӯи хонаи ман як бинои 9-ошёна қарор дорад. Вақте ман барои бастани тиреза рафтам, дар ҳаво рӯшноиеро мушоҳида кардам. Дарҳол фаҳмидам, ки ин нури рӯшноии фонар ё симчӯб нест. Вале ин чӣ буд, нафаҳмидам. Чунин нурро боре ҳам надида будам. Дигар манбаъ низ ин гуфтаҳоро тасдиқ кардааст.

Дар ин гирдбод зиёни бузургро варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” дидааст, ки қариб ҳамаи сақфи он рехтааст.

Ба гуфтаи яке аз сокинони шаҳр, 15-20 сол қабл низ чунин ҳодиса мушоҳида шуда буд.  

Як манбаъ аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст, ки воқеан ҳам шамолҳои сахт боиси зарари зиёд дар шаҳр гардидааст. Танҳо як қисми шаҳр зиёда аз 1 миллион сомонӣ зарар дидааст.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here