Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли равон 81 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам аст.

Мутахасиси пешбари сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур Адиба Олмизода гуфт, ки аз 81 оилае, ки дар ин давра ақди никоҳи худро бекор карданд 67 ҳолаташ бо ҳалномаи суд ва  5 ҳолати дигар бо аризаи тарафайн аз ҳам ҷудо шудаанд.

Манбаъ омилҳои ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Вахш ноомоадгии ҷавонон ба ҳаёти мустаҳқилона, дахолати шахсони сеюм, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва дигар омилҳо арзёбӣ кард.

— Баҳри пешгирии ҷудошави оилаҳо аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳои ноҳия миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзур карда шудааст, — гуфт А.Олимзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here