Нашриёти “Ирфон” маҷмуаи очерку мусоҳибаҳои журналисти варзида ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифзода Қироншоҳро бо номи “Дар ҷустуҷӯи шахсият” дар ҳаҷми 192 саҳифа ба табъ расонд.
Маҷмуаи мазкур матолберо дар бар мегирад, ки дар солҳои гуногун ба табъ. Ин ба хонандаи закӣ имкон медиҳад, ки тасвири фазову муҳитро зуд дарёбад.
Номи маҷмуа сарлавҳаи мусоҳибаи муаллиф бо нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аст. Дар маҷмуа мусоҳибаҳои зиёди хонданӣ ба нашр расидаанд, ки барои хонанда судманд аст.
Дар очеркҳо муаллиф тавре симои қаҳрамонро офаридааст, ки бешак аз ҳама хислату рафтори қаҳрамон хонанда бохабар мешавад. дар мусоҳибаҳо бошад саволҳо нишонрас ва ба дили хонанда наздиканд.
Ин маҷмуа барои дӯстдорони фарҳангу адаб пешниҳод гардидааст.
Бояд гуфт, ки Шарифзода Қироншоҳ қабл аз ин китобҳои “Асосоҳои ҳамкории иҷтимоӣ”, “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ”, “Мушкилоти озодии сухан”, “Озодӣ ва масъулияти сухан” ва чандин китобу дастурҳои методӣ ба нашр расодаанд.
Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ