Дар маркази шаҳри Тошканд барои бунёди сафорати Тоҷикитон 1 гектар замин ҷудо мегардад. Сохтмони бинои сафорат, манзил барои дипломатҳои тоҷик, дигар иншооти зарурӣ ва ободонии қаламрави бино аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Дар ин бора ОИ “АП” дар такя ба манобеи сохторҳои иқтисодии Ҳуқумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки аввалҳои моҳи март сурат мегирад, ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя тасмим гирифтаанд барои сохтмони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошкант 1 гектар қитъаи замин ҷудо кунанд.

Инчунин, эҳтимол аст, ки барои сохтмони намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе низ дар ояндаи наздик қитъаи замин ҷудо гардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here