Аз имрӯз, 23-юми март, дар Тоҷикистон расман воксинзанӣ бар зидди коронавирус оғоз шуд, ки як қатор намояндаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳизфи иҷтимоии аҳолӣ воксин зада шуданд.

Аввалин шуда намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ воксинзанӣ шудааст. Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтор ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат воксини зидди бемории COVID-19 гирифтанд.

Тоҷикистон аввалҳои моҳи март аз Деҳлии Ҳиндустон воксини истеҳсоли Бритониё «AstraZeneca» ворид кард, ки дар доираи барномаи COVAX ройгон дастрас шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here