Дар Тоҷикистон заводи алюминиуми нав бо иқтидори заводи амалкунанда сохта мешавад. Чунин заводҳо дар дунё ҳамагӣ сето ҳастанд, ки ҳамаашон дар Чин сохта шудаанд ва инҳо ба ТАЛКО имкон медиҳанд, ки айнан чунин корхона дар Тоҷикистон бунёд карда шавад. Дар ин бора АИ «АП» ба қавл аз роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ширкати ТАЛКО Игор Сатторов хабар дод.

Ширкати алюминиуми тоҷик нақша дорад, ки тавлиди алюминиумро дар солҳои оянда то ба 1 миллион тон расонад. Барои амалӣ кардани ин тарҳ ширкат дар соли 2018 ба бунёди заводи нави алюминиум шурӯъ хоҳад кард ва ҳамчунин заводи амалкунандаро пурра нав карданист.

Шартнома дар бораи сохтмони корхонаи нави алюминиум дар ҳудуди заводи амалкунандаро ТАЛКО бо ширкати Yunnan дар рафти сафари кории Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар моҳи августи ҳамин сол ба даст овардааст.

Ширкати чинӣ як санади пешакии техникиву молиявиро таҳия кардааст ва дар айни замон дар ҳоли тавсеаи ин проект аст.

Зарфияти тавлиди корхонаи алюминиуми нав 503 ҳазор тон алюминиуми аввалия дар сол хоҳад буд. Дар сохтори он рехтагирӣ (800 ҳазор тон дар сол) ва тавлиди алюминиуми анодӣ (300 ҳазор тон дар сол) шомиланд.

Дар назар аст, ки сохтмони заводи нав, ки бо арзиши 1,6 миллиард доллар бунёд хоҳад шуд, дар соли нав оғоз шуда, муҳлати иҷрояш 1,5 сол аст. Заводи нав дорои 1,1 ҳазор ҷойи корӣ хоҳад буд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here