Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд, ки маҳдуд кардани истифодаи тамоку аз ҷумлаи онҳо буд.

Вакилони мардумӣ дар қатори чанд лоиҳаи дигар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро баррасӣ карданд. Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирзомуддин ва вакили мардумӣ Равшан Раҷабов баромад карда, иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Вакилон тақрибан якдилона лоиҳаро қабул карданд. Дар муқоиса ба қонуни амалкунанда, ки аз соли 2010 ҷорист, қонуни нав талабот ба истифодаи тамокуро сангинтар мекунад. Баъд аз тасдиқи палатаи болоии парламенти Тоҷикистон ва имзо шудани он аз ҷониби президент тамокукашӣ тақрибан дар ҳама ҷо манъ карда мешавад.

Мувофиқи талаботи қонуни нав тамокукашӣ дар биноҳои маъмурӣ, дафтари кории созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ, айвони биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳ, вокзали роҳи оҳан, осоишгоҳҳо, хобгоҳҳо, қаҳвахонаву тарабхонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, фурӯши тамоку дар масофаи наздик ба сад метр аз бинои муассисаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш, созмонҳои динӣ манъ мешавад.

Ба касоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, фурӯши тамоку мумкин нест. Агар фурӯшанда ба синни харидор шак кунад, ҳақ дорад, ки аз ӯ ҳуҷҷати тасдиқунандаи солашро талаб кунад.

Дар Тоҷикистон фурӯхтани тамокуи донабаъй низ манъ карда мешавад. Иваз кардани маҳсулоти тамоку бо дигар маҳсулоту хизматрасонӣ, ройгон тақсим кардани он мумкин нахоҳад буд.

Зимнан, мувофиқи ин қонун, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ метавонанд, ки ба муассисаҳои ислоҳотӣ, бемористонҳои маризиҳои равонӣ, хонаи парасторӣ аз куҳансолон ва маъюбон вобаста ба талаби ин муассисаҳо иҷозат диҳанд, то ҷойи махусус барои тамокукашӣ ҷудо кунанд.

Бо пешниҳоди раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба лоиҳа илова ворид карда шудааст, ки мувофиқи он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли фаъолияташон, вазифадоранд, ки ҷойҳои махсус барои тамокукашӣ ташкил кунанд. Ин ҷойҳо набояд дар дохили биноҳо бошанд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here