Дар шарқи Сурия дар вилояти Дайруззур даҳҳо фирорӣ қурбони акти террористӣ шуданд. Бино бар иттилои Маркази суриягии ҳуқуқи инсон, 5 ноябр дар натиҷаи таркиши мошини минкоришуда дар лагери фирориён на камтар аз 75 одам кушта ва 140 тани дигар захм бардоштанд. Баъзе манобеъ шумораи кушташудагонро 100 кас хабар доданд.

Ин фирориён дар вилояти Дайруззур аз ҷангҳои миёни ҷиҳодиён, артиши ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ паноҳ бурда буданд.

То кунун масъулияти ин таркишро касе бар уҳда нагирифтааст. Дар гузашта гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ин гуна ҳамлаҳоро анҷом медод.

Чанд рӯз пеш ҳукмати Сурия аз ғасби Дайруззур, маркази маъмурии вилояти ҳамном, хабар дод. Дастаҳои ҷангҷӯи «Давлати исломӣ» ба минтақаҳои биёбонии шарқи Сурия, ба сӯи марзи Ироқ, ақибнишинӣ карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here