Тибқи амру фармонҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумат дар чанде аз сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти кишвар, тибқи фармони нави Президент бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Қурбонзода Иброҳим Мирхон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Бо фармони президенти кишвар, Савзаалї Назирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шуда, Шерализода Муҳамадулло Умар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин гардид.

Бо қарори ҳукумат, Миралӣ Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Ҳамзамон тибқи фармони Президенти кишвар, Қудрат Давлатзода аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шуда, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон ва Диловар Пирназарзода муовини аввали ӯ таъин гардид. Шукрулло Хайрзода ректори нави Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд.

Шамсулло Абдуллозода аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Рустам Мирализода ба ин вазифа таъин шуд.

Ҳамчунин, бо амри Президенти Тоҷмикистон Алимурод Маҳмадализода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод карда шуд.

Дар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here