Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим гуфтааст, ки ҳеч касе ҳаққи хато кардан дар сохтмони НБО «Роғун»-ро надорад, зеро иншооти мазкур бояд, садсолаҳо ба наслҳои имрӯза ва фардои кишвар хизмат расонад.

Азим Иброҳим ин нуқтаро 28-уми сентябри соли равон зимни боздид аз ҷараёни сохтмон дар НОБ-и «Роғун» изҳор доштааст. Ба иттилои хабаргузории «Авесто» муовини сарвазир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати корҳои васлу насби толори мошин ва бинои тарансформаторҳо баҳои мусбат дода, изҳор доштааст, маҷмӯи корҳои нақшавӣ бояд дар доираи меъёрҳо ва мӯҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом ёбад.

Ба таъкиди Азим Иброҳим дар қитьаҳои корҳои сохтмонии сади бунёдшаванда, мавзеи қабати намак, корҳои сементкунонӣ такшоншавию ҷаббиши об бояд диққати аввалиндараҷа ба сифати корҳои мустаҳкамгардонӣ равон гардад.

Тибқи нақша агрегати якуми НОБ-и «Роғун» охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here