Дар ноҳияи Шаҳритуз дар 7 моҳи соли 2019-ум 55 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумооа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳолат кам аст.
Мудири бахши сабти асноди ҳолатии шаҳрвандии ноҳияи мазкур Раҷабзода Фотима омили кам шудани ҷудошавии оилаҳоро дар пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳии ниҳоди худ ва дигар идораҳои дахлдор миёни аҳолӣ, махсусан навхонадорон, арзёбӣ кард.
Мудир ҳамчунин қайд кард дар ин давра се оилаи ҷавоне, ки барои ҷудо шудан ариза пешниҳод карда буданд, аз нияташон гаштанд.
Ба иттилои мудир, аз 55 оилаи пошхӯрда дар 41 ҳолат бо ҳалномаи суд ақди никоҳбекор шуда, 14 оилаи дигар бо аризаи тарафайн бекор шудааст.
Ӯ гуфт, баъди ҷудо шудани оилаҳо, 47 кӯдаки ноболиғ аз меҳру муҳаббати падар маҳрум мондаанд.
Омилҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул аз ноомода будани ҷавонон ба ҳаёти мустаҳқил, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ва бефарзандӣ шарҳ дод.