Имрӯз дар сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бахшида ба 150-солагии зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон, ки ҳаёти ӯ бо таърихи муборизаи халқ баҳри истиқлолияти миллӣ рабт дорад, чорабинӣ бахшида ба рӯзи мубориза бидуни зӯроварӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош суханронӣ намуда, саҳми Маҳатма Гандиро дар истиқлолияти милии Ҳиндустон хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Директори китобхонаи марказии Академияи илмҳои ба номи Индира Гандӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода гуфт, рӯзи мубориза бидуни зӯроварӣ эълон шудан дар дунё, ин як фалсафае бар муқобили ҳар гуна хушунат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ба ақидаи ӯ, як шахси оддӣ тавонист, ки бо як кишвари абарқудрати дунё мубориза барад ва ба ҳадафаш расад. “Аз он рӯзҳое, ки Маҳатма Гандӣ ҳамин иқдомро пеш гирифт, хеле тарафдорҳои зиёд дошт ва як шахси бисёр оддиву лоғар тавонист, ки бо як империяи бузурги абарқудрати дунё Британия Кабир мубориза барад ва истиқлолияти кишварашро ба даст орад. Ҳамин сабр, шикебоӣ даст накашидан аз мақсад, барнагаштан аз роҳаш буд, ки ниҳояти ҳамин мақсадаш расид”,-мегӯяд ӯ. 

Ҳамзамон, дар чорабинӣ барномаи фарҳангӣ баҳри меҳмонону тамошобинон пешкаш гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 инҷониб бо қарори Созмони милали муттаҳид рӯзи таваллуди Маҳатма Гандӣ ҳамчун рӯзи мубориза бидуни зӯроварӣ эълон шудааст, ки дар саросари дунё ҷашн гирифта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here