Дар сафари аввалини давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки аввали моҳи март дар назар аст, имзои беш аз 20 созишномаҳои нави байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ миёни кишварҳо пешбинӣ мешавад, хабар медиҳад ОИ «АП» дар такя ба манбаи худ аз ҳукумати кишвар.

Ба иттилои манбаъ, созишнома дар бораи ҳузури бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар ба муҳлати то 1 моҳро метавон аз ҷумлаи қарордодҳои муҳим унвон кард. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ низ боз як созишномаи муҳим ба имзо расонида, ба масъалаи қитъаҳои баҳснок дар марзи давлатии ҳарду кишвар хотима мебахшанд.

Дар бораи аз ҷониби Ӯзбекистон додани қарзи имтиёзнок ба маблағи 100 млн. доллар, ки баҳри рушди ҳамкории сохторҳои тиҷоратии кишварҳо нигаронида шудааст, низ санади марбута ба имзо мерасад.

Ғайр аз ин, имзои созишномаҳо дар бахшҳои сохтмону коммуникатсия ва маблағгузории Ӯзбекистон ба сохтмони мактабу бемористон дар минтақаҳои Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, дар он намояндагони муваффақи тиҷорати кишварҳо иштирок мекунанд ва дар доираи кори ҳамоиш қарордодҳо ба имзо мерасанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 126 млн. долларро ташкил дода, аз Ӯзбекистон ба кишвари мо ба маблағи 69 млн. доллар молу маҳсулот ворид шуд. Ҳаҷми содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 57 млн. долларро ташкил дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here