Дар сӯхторе, ки дар бозории марказии шаҳри Кӯлоб ба амал омад, мудири анбори ин бозор гунаҳгор дониста мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб Ҳокимшо Назаров чунин шарҳ додааст: «Муайян гардид, ки бо сабабҳои номаълум мудири анбори бозор аввал анборро холӣ карда, сипас барқасдона онро оташ задааст».

«Баъди қабул намудани бонги сӯхтор фавран 5 нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онро сари вақт хомӯш намуданд. Оташ соати 12:15 пурра хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бозор гирифта шуд», — гуфт Ҳокимшо Назаров.

Ба иттиллои сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб, дар натиҷаи сӯхтор ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ зарар расонида шуд. Бар асари ҳодисаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки барои халал нарасонидан ба корҳои тафтишотӣ бозори мазкур муваққатан, то соати 12 баста шуда, баъди он ба фаъолият оғоз намуд. Айни ҳол тафтиш идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 14-уми августи соли 2018, соати 24 анбори бозори марказии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба коми оташ фурӯ рафт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here