Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон волидони хонандагон барои беш аз 1 ҳазору 540 нафар хонанда 77 синфхонаи иловагӣ сохта истодаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки шуъбаи маорифи ноҳия ҳамкориро бо волидон хуб ба роҳ мондааст: “Ҳамкории зичи мост, ки дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби волидон дар назди муассисаҳои таълимӣ сохтмони 77 синфхонаи иловагӣ барои зиёда 1 ҳазору 540 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст, ки аз он дар соли хониши 2019-2020-ум 22 синфхонааш барои 500 нафар сохта ба истифода дода шуд. Барои корҳои сохтмонии синфхонаҳо беш аз 2 миллион сомонӣ масраф хоҳад шуд”.

Айни замон сохтмони 31 синфхонаи иловагӣ дар назди мактабҳо бомаром идома дошта, дар 24 синфхонаи дигар корҳои лоиҳакашӣ оғоз шудааст.

Мавлуда Боймуродзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки 74,7 дарсади хонандагон барои дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шудаанд.- Барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия бошад, 114 дарсад иҷро гардидааст,- илова кард ӯ.

— Айни замон дар ноҳияи мазкур 52 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки 90 дарсади онҳо ба соли нави хониш, ки аз 17-уми августи соли ҷорӣ шуруъ мешавад, омда карда шудааст,- зикр намуд мавсуф ва илова кард, ки барои таъмири муассисаҳои таълимӣ саҳми волидон назаррас мебошад, зеро аз ҳисоби онҳо бо харҷи 176 ҳазор сомонӣ мактабҳои ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Мудир афзуд, ки “мо дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳем, то камбудиҳои соҳаи маорифро бартараф намуда, хонандагонро дар шароити муносиб ба таълиму тарбия фаро бигирем”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here