Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бунёду барқарорсозии 405 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод то ба имрӯз зиёда аз 200 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бино ба иттилои раиси ноҳияи мазкур Шарбатуллои Азизулло баъди бунёди 200 иншоот садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, зиндагии мардум то андозае беҳ шудааст.

Ӯ гуфт, ки танҳо дар соли 2020 бунёди 100 иншоот ба нақша гирифта шудаст, ки аз он 50 ададаш сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси ноҳия афзуд, ки дар ин давра  корхонаи саноатии истеҳсоли қубурҳои азбестӣ ва корхонаи асфалтбарорӣ сохта ба истифода додани шудаанд, ки  баъди ба истифода додани онҳо 100 нафар сокини ноҳия бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардиданд.

— Корхонаи истеҳсоли орд ва корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, — илова кард раиси ноҳия ва изҳор дошт, ки дар умум то соли 2021 бунёди 22 корхонаи саноатӣ ба дар ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми стретегии ҳукумат — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки  бояд дар 53 деҳаи ноҳияи Восеъ бо арзиши 20 миллион доллари америкоӣ хати оби нушокӣ гузаронида шавад.

Барои истироҳату фароғати сокинон ва ба варзиш ҷалб шудани онҳо дар ноҳия сохтмони як варзишгоҳи муҳташам бо 20 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад, ки он дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода мешавад.

— Ҳамчунин, бо арзиши  4 миллион сомонӣ дар маркази ноҳия бунёди “Гулгашти Восеъ” дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, — қайд кард Шарбатуллои Азизулло.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here