То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Восеъ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад 230 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 40 адади он сохта ба истифода дода шудааст.

Раиси ноҳияи Восеь Ғафурзода Муссо гуфт, ки азимтарин иншоотҳои ҷашнӣ  5 сардхона, 49 синфхонаи иловагӣ, 13 муассисаи таълимӣ, таъмири 38 км роҳҳо, бунёди 13 кудакистон, 7 маркази саломатӣ, 11 бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншоот мебошад.

Раиси ноҳия қайд кард, ки ҳоло дар 115 иншоот корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here