Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон 48 муассисаи таълимӣ, як гимназия ва 2 кӯдакистон фаъолият мекунанд, ки то ҳол онҳо ба соли нави таҳсил  омода нашудаанд.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадшариф Камолов гуфт, ки то ҳол ягон муассисаи таълимии ноҳия ба пурагӣ ба соли нави хониш омода нашудааст.

— Вале мо  нақша дорем бо дастгирии падару модарон, соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ пурра мактабҳоро ба соли нави хониш омода кунем, — гуфт ӯ.

Раҳмиддин Ёров, сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ, зикр кард,  имсол аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири муассисаҳои таълимӣ 407 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

— То кунун  аз ин маблағ ҳоло ягон сомонӣ барои таъмир ҷудо нашудааст, аммо мо кӯшиш мекунем, ки маблағҳои пешбинишударо пурра ҷудо кунем, — афзуд ӯ.

Маҳмадшариф Камолов зикр кард, ки  бо ин маблағ метавонанд, мактабҳоро таъмири ҷорӣ кунанду халос.

— Ин маблағ барои таъмири ассосӣ намерасад, — илова кард мудири маориф. — Дар назди муассисаҳои таълимӣ як толори маҷлисгоҳи ва як  варзишгоҳ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Барои навсозии онҳо маблағи зиёд лозим аст, аммо мо ин маблағро надорем. Ин ду торлори вайронаро даҳҳо маротиба тариқи ВАО намоиш доданд, аммо натиҷа надод, — зикр кард мудири маорифи ноҳия.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here