Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо харҷи 519 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби волидони хонандагони мактабҳо муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба соли нави хониш омода карда шуданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Ҳакимзода Ҳайрулло зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар ноҳия 72 муасссиаи таълимӣ фаъолият дорад, ки онҳо бо маблағгузории волидон дар вақти таътили тобистона аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Яке аз ин волидоне, ки аз ҳисоби худ ва пайвандонаш як синфхонаи мактаби №10-и ноҳияро бо харҷи 21 ҳазор сомонӣ таъмир кардааст, ин мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Зуҳро Бобозода мебошад.

Зимни суҳбат,  Зуҳро Бобозода қайд кард, ки дар оилаи омӯзгор ба воя расидааст. «Дар муассисаи таълимии №10 фарзани ман ва  бародаронам таълим мегиранд. Аз ин хотир мо бо саҳми модар ва бародаронам як синфхонаи мактабро бо харҷи 21 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда, онро бо тамоми лавозимоти лозима, аз қабили кондисионер, мизу курсӣ ва тахтаи синф муҷаҳҳаз гардонидем” — илова кард ин модар.

Дар ин баробар мудири шуъбаи маориф гуфт, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири мактабҳо 900 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки ин маблағҳо низ дар таъмири мактабҳо харҷ шудаанд.

Добавить комментарий