Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 70 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳолат кам аст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур Зӯҳро Бобозода зимни сӯҳбат гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2019-ум дар ноҳия 83 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шуда буд, имсол 70 ҳолатро ташкил медиҳад.

— Бештари ақди оилаҳои ҷудошуда бо ҳалномаи суд бекор шудаанд, — илова кард ӯ.

— Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияи Балхӣ нофаҳмии байни зану шавҳар, хушунати хонаводагӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ва дигар омилҳо аст, — гуфт номбурда.

Зӯҳро Бобозода омили коҳиш ёфтани ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳия бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутасаддиёни бахш ва дигар сохторҳо миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, маънидод кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here