Соли гузашта корхонаҳои саноатӣ  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳаҷми 113 миллиону 800,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017-ум ба маблағи 11 миллиону 54, 3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Ба иттилои раиси ноҳия мазкур Убайдолои Файзулло соли гузашта дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ 27 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Зикр карда шуд, ки соли 2018 дар ноҳияи 4 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накарда, 3 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш додаанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here