Дар ноҳияи Ҷайҳун барои ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгу набудан, фаъолияти 30 иншоот то бартараф кардани камбудиҳо аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия баста шуд.

Директори  маркази  мазкур Ҳомидҷон Саидов, зимни тасдиқи ин хабар қайд кард, ки  аз 30 иншооти басташуда, 16 иншооти он ба соҳаи тандурустӣ ва боқӣ иншооти санитарӣ мебошанд.

Ҳамчунин, манбаъ зикр кард, ки дар ин давра 308 санҷиш гузаронида шуда, нисбати 141 нафар санад тартиб дода шудааст, ки  маблағи ҷарима беш аз 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 609 кг маҳсулоти полезии пастсифат аз муомилот гирифта шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here