Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон имсол кишоварзон дар майдони 3 ҳазору 721 гектар кишти пиёз гузаронидаанд, ки он нисбати соли гузашта 1 ҳазору 25 гектар зиёд аст.   

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Пирназар Пиров гуфт, ки тибқи дурнамо бояд аз майдони 3 ҳазору 721 гектар кишти пиёз 141 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.

Ӯ зикр кард, ки ҳоло ҷамъоварии пиёз оғоз нашудааст. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили он шуруъ намуда, маҳсулоти худро бо нархи арзон ба бозорҳо ба фурӯш бароранд.

— Кишоварзони ноҳия соли гузашта дар майдони 2 ҳазору 596 гектар пиёз кишт карда буданд, ки аз он  беш аз 90 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд, — гуфт Пиров.

Ба иттилои расида аз  Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят деҳқонон дар майдони 10 ҳазору 400 гектар кишти пиёз гузаронидаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 1 ҳазору 317 гектар бештар аст. Тибқи дурнамо, бояд аз ин майдон 243 ҳазору 165 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here