Директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “ягон ҳолати коррупсионӣ дар Маркази тестӣ дида мешавад” гуфт, то ба ҳол ҳолатҳои коррупсионӣ дар ниҳодаш ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи директори Маркази миллии тестӣ тӯли панҷум соле, ки ин марказ фаъолият мекунад, то имрӯз ҳолатҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
“Панҷум сол мешавад, Маркази миллии тестӣ фаъолият мекунад ва он ҳодисаҳои корруписоне, ки тариқи расонаҳо ба шумо мерасад, умуман ба Маркази миллии тестӣ дахл надоранд. Мо ҳамасола кӯшиш мекунем, ки корҳои иттилоърасонӣ ва таблиғотиву ташвиқотиро пурзӯр намоем”, — гуфт Икромӣ.
Ба гуфтаи Хуршед Икромӣ онҳо ҳамеша дар ин бора ба довталабон ва шахсони ба ин низҳом алоқаманд таъкид мекунанд, вале нафароне пайдо мешаванд, ки қаллобӣ мекунанд.