Дар натиҷаи ҳуҷуми терроистӣ ба меҳмонхонаи Intercontinental дар маркази Кобули Афғонистон 18 нафар кушта шудаанд, ки 14 нафари онҳо хориҷиҳо будаанд, хабар медиҳад Associated Press дар такя ба маълумоти намояндаи вазорати корҳои дохилии ин кишвар Наҷиб Дониш.
Дар байни кушташудаҳо 9 нафар украинӣ шиносоӣ шудаанд, менависад ВВС дар такя ба маълумоти полиси Кобул. Вазорати корҳои хориҷии Украина то ҳол расман кушта шудани 6 нафар шаҳрванди ин кишварро таъйид кардааст. Бино ба навиштаи ВВС дар ин амалиёт чор афғонистонӣ, як олмонӣ, як юнонӣ ва як қазоқ низ кушта шудаанд.
Баъзе аз сарчашмаҳо аз кушта шудани дастикам 30 нафар хабар медиҳанд. Шабакаи Tolo News аз забони шоҳидон гузориш дод, ки 43 нафар ба шаҳодат расидаанд. 11 нафари кушташудаҳо кормандони ширкати ҳавопаймоии Kam Air будаанд, хабар медиҳад Associated Press.
Ҳуҷум ба меҳмонхона бегоҳии 20-уми январ ба вуқӯъ омад. 6 нафар бо силоҳ ба меҳмонхона даромада, чанд тан аз бошандагони онро кушта, дигаронро ба асорат гирифтанд. Амалиёт барои озод кардани гаравгонҳо 17 соат тӯл кашид. Аз меҳмонхона 150 нафар берун карда шуданд. Аз байни террористон 5 нафар кушта шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон бар ӯҳда гирифтааст.