Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки бо ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон ҳаммарз аст, гузаргоҳи “Андархон” ба фаъолият шурӯъ кард.

Гузаргоҳи бозрасии “Андархон-Патар”, ки баста буд, 10-уми феврал дубора фаъол шудааст. Роҳандозии ин гузаргоҳ қадами ҷиддие дар амалисозии муносибатҳои нави байнидавлатии ду кишвар арзёбӣ мегардад, иттилоъ медиҳад барномаи “Ахборот 24”.

Айни ҳол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасии масъалаҳои муносибатҳои иқтисодӣ, ҳамоҳангкунии нархномаи боркашонӣ, барқарорсозии роҳҳои аҳамияти байнидавлатидошта ва барҳам додани виза идома дорад.

Интизор меравад, ми моҳи марти ҳамин сол президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки як қатор масъалаҳои баҳсталаби байни ду кишвар дар ин дидор бояд ҳаллу фасл шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here