Айни ҳол вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил гуфта мешавад, аммо чанде пеш бо далели сохтмони ғайриқонунии як иншооти номаълум ноором шуда, тирпаронӣ шудааст ва чанд тан аз шаҳрванданони кишвари мо кушта ҳам шудаанд.
ОИ «АП» хабар медиҳад, ки дар муноқиша се сарҳадбони тоҷик кушта шудаанд. Инҳо коменданти марзбони ҷамоати Овчи Қалъача подполковник Убайдуллоев Рустам Амонулоевич (соли таваллудаш 1984, зодаи Ҳисор), сарбозони қаторӣ Исломов Рамазон Аҳмадович (с\т 28.12.1998, Чоргултеппа, Вахш) ва Суванов Ғиёсидин Наҷмидинович (с\т 20.02.2000, ҷамоати Зардор, Турсунзода) ҳастанд.
Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки корҳои сохтмониро қатъ созанд.
Ҷониби Қирғизистон хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор тир кушоданд, ки дар натиҷа чанд шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуданд.
Ин амали муғризонаи сарҳадбонони Қирғизистон нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ мебаранд.
Ҷониби Қирғизистон дар кушодани оташ Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад. Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии қирғиз аввал ҷониби Тоҷикистон тир парондаанд. Дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 13 нафар захмӣ ва як нафар кушта шудааст. Кушташуда прапоршики 41-солаи дастаи неруҳои вежаи «Бору» Равшан Муминов будааст.
Акс аз ОИ «АП»