Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳодисаи шоми дирӯз дар марзии Тоҷикистону Қиғизистон рухдода хабар дод, ки шаҳрвандони Қиғизистон бо яроқ мусаллаҳ шуда, ба ҷониби Тоҷикистон оташ кушодаанд.

Дар баёнияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд,  дар назди хонаи сокини маҳаллӣ Абдулаев Султанбек Исмаилович ва бинои Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод карданд. Тахминан соати 21.30 онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи «Мерседес бенс»-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, шишаи онро шикастанд.

Дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг заданд.

Намояндагони ШВКД-2 шаҳри Исфара ва ШВКД ноҳияи Бодканд сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шуда, вазъиятро зери назорат гирифтанд.

Такрибан соати 02.00-и 10-уми январ, сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсой бо истифода аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд. Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, тахминан соати 02:30 ин иғво қатъ карда шуд.

Бо вуҷуди ин, тахминан соати 04, аз самти Қирғизистон бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби автомошинаи шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара Икромзода Фарҳод тир холӣ карда шуд. Тир ба дари автомошина бархӯрда, хушбахтона, ба худи ронанда зарари ҷисмонӣ нарасидааст.

Айни замон тирпарронӣ қатъ гардида, вазъият таҳти назорат қарор дорад. Гурӯҳи тафтишотии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон кор мебаранд.

Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир аз тарафи  шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон истифодаи камони  шикорӣ дар чунин даъвоҳо зиёд шудааст. Масалан, 29-уми декабри соли 2019 сокини деҳаи Сомониён Сафарова Т. ҳадафи тири камони шикории ин силоҳбадастон қарор гирифтааст.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор кардааст, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳолатҳо тамоми масъулият ба дӯши мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here