Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз аввали соли 2021-ум то ин ҷониб ҳамагӣ 12 оила ақди никоҳи худро бекор карданданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолат кам аст.
Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Левакант Соҳибназари Лутфия гуфт, омили кам шудани бекоршавии оилаҳо дар шаҳр ин пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони бахш миёни аҳолӣ мебошад.
— Дар оянда низ мо чунин сӯҳбату вохӯриҳоро боз ҳам ҷонок хоҳем кард, ки ҷудошавии оилаҳо аз ин ҳам кам карда шавад, — илова кард ӯ
Ин шахси масъул илова кард, ки соли гузашта дар шаҳр 61 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки бештар оилаҳое мебошанд, ки солҳои 2017-2018 аз ҳам ҷудо шудаанданд ва ҳоло мехоҳанд ақди никоҳашон бекор карда шавад.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар як сол ба 15 кӯдаки навзод ройгон шаҳодатномаи таваллуд дода шуд ва ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт.