Дар шаҳри Левакант айни замон сохтмони 2 мактаб ва 12 синфхонаи иловагӣ барои наздик ба ҳазор хонанда идома дорад.
Мудири бахши маорифи шаҳр Сафарализода Маҳмадалӣ гуфт, сохтмони ду мактаб аз ҳисоби созмонҳои хориҷӣ давом дорад, ки маблағи онҳо 13,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
— Ҳарду муассисаи таьлимӣ барои 640 хонанда дар як баст сохта мешавад, — илова кард мудир.
Манбаъ қайд кард, ки сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ дар назди се мактаб бо дастгирии соҳибкорону аҳолӣ идома дорад.
2 мактаб ва 12 синфхонаи иловагӣ дар шаҳри Левакант қарор аст, соли 2020 ба истифода дода шаванд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки соли 2020 бинои бахши маорифи шаҳр, ки маблағи сохтмони он 3 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.