Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дируз як зани тахминан 30-сола  чор кӯдаки ноболиғи худро буғӣ карда куштааст. Гуфта мешавад, ки кӯдакон, 10, 8, 4 ва 1-сола будаанд.

Бино ба иттилои як манбаъи боэътимод ин зан дар манзили истиқоматии худ деҳаи Охолтуни ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшниён истиқомат мекардааст. Ӯ бегоҳи 9-уми сентябри соли ҷорӣ даст ба куштори фарзандони ноболиғи худ задааст.

Сабаби ба қатл расонидани ин ноболиғон аз ҷониби модарашон  ҳоло равшан нест.  Тибқи баъзе маълумотҳо модаре, ки чор фарзанди худро бераҳмона ба қатл расонидааст, худаш ба кирдори кардааш иқрор шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here