Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ когоҳи истеҳсоли маводи антисептикӣ бунёд гардид.

Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин дар сӯҳбат ба хабарнигори «Фараж» гуфт, ки бо мақсади таъмин намудани аҳолии ноҳия ва вилояти Хатлон бо маводи антисептикӣ, дар ноҳия коргоҳи хурди истеҳсоли маводҳои антисептикӣ фаъолиятро оғоз кард.

Ба гуфти раис ин коргоҳ  дар як шабонарӯз 10000 дона маводи антисептикӣ истеҳсол мекунад.

Айни замон дар коргоҳи хурди истеҳсоли маводҳои антисептикӣ 8 нафар бо ҷойи кор таъмин гандида, дар оянда шумораи коргаронро зиёд хоҳанд кард, — илова кард раиси ноҳия. Вай афзуд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур бо нархи дастрас ба аҳолии фурӯхта мешавад.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои охир маводи доруворӣ ва антисептикӣ дар дорухонаҳо хеле гарон фурӯхта мешаванд, ки ин боиси нигаронии сокинон гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here