Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон шаби 27-уми март 11 узви як оила пас аз истеъмоли шакароби дар банка маҳкамкардашуда дар 1 вақт заҳролуд гардида, як кӯдаки сесолааш худи ҳамон рӯз ва як зану кӯдаки дигар имрӯз 2-юми апрел вафот карданд.

Идибек Боймуродзода, сардухтури беморхонаи Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён, иттилоъ дод, ки шаби 27-уми марти соли ҷорӣ 11 нафар узви оилаи Солиевҳоро аз деҳаи «Комсомол»-и ҷамоати мазкур бо дарди шадид ба қабулгоҳи беморхона оварданд. Худи ҳамон рӯз ҳамаи онҳо ба беморхонаи сироятии вилоятӣ интиқол дода шуда, ташхиси тиббии ҳамаҷониба маълум сохт, ки онҳо намуди занбурӯғи сафед — «белая поганка»-ро истеъмол кардаанд.

— Баъди аз беморхона баргаштан як кӯдаки сесолаи ин оила вафот кард. Имрӯз ду нафар — як зан ва як кӯдаки дигар низ дар беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов маъруф ба номи «Қарияи боло» фавтиданд. Вазъи  боқимонда узви ин оила ваҳим аст, — илова кард Идибек Боймуродзода.

Сардухтури беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон Хушнуд Баҳодурзода, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Давлатзода аз додани маълумоти бештар аз ин вазъ ва ҳолати нигоҳубини сиротяшудаҳо худдорӣ карданд.

Ба гуфти як манбаи огоҳ имрӯз прокуратураи ноҳияи Кӯшониён ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардааст.

Мавзӯъро пайгирӣ хоҳем кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here