Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, дамои сардии он то ба 7-10 дараҷа мерасад. Дар ин бора Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази обуҳавошиносии кишвар имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.  

Ба гуфтаи ин мутахассиси обуҳавошиносии кишвар аз санаи 27-уми ин моҳ дар вилояти Суғд ҳавои сибирии то 7-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар ҳамин рӯз шиддат гирифтани шамол дар як қатор ноҳияҳои Хатлон ва Суғд пешгӯӣ карда мешавад.

Боришоти барф дар вилояти Суғд ниҳоят кам ба назар мерасад, вале дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон каму беш боридани барф дар рӯзҳои 28-29-уми январ дар назар аст. Рӯзи 3-юми феврал боришот қатъ гардида, офтобӣ шудани ҳаво аз эҳтимол дур нест, вале нисбатан сард пешгӯӣ карда мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон дар як қатор минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд имконияти то 15-20 дараҷа хунук шудани вазъи ҳаво дар назар аст. Дар вилояти Бадахшон ҳавои сарди сибирӣ ба назар мерасад, ки асосан ба минтақаҳои кӯҳӣ таъсири худро мерасонад.

Гуфта мешавад, ки дар Бадахшон айни ҳол ҳарорати ҳаво то 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм аст. Рӯзҳои наздик дамои ҳаво дар ин минтақа то ба 30-35 дараҷа сардӣ мерасад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here